МАҒОЗАИ «ГӮШТИ ҲАЛОЛ» ДАР ИРКУТСК

Ноябрь 19, 2009 16:04

                Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Соҳибкори тоҷик Эргаш Маҳмадбеков дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия чанд рӯз пеш мағозаи махсуси маводи хӯрокаро ифтитоҳ намуд, ки дар он хӯрокҳои аз гӯшти ҳалол тайёр кардашуда ба фурӯш бароварда мешаванд.                    Вай зимни сӯҳбати телефонӣ бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки харидорон аз мағозаи мазкур ҳамеша гӯшти тару тозаи гову гӯсфанд, мурғ, инчунин ҳасиб, манту ва тушбераи аз гӯшти ҳалол тайёр кардашударо дастрас намуда, метавонанд. Маҳсулоти мағоза аз шаҳри Маскав ва Ҷумҳурии Тотористон оварда мешавад.                     Дар шӯъбаҳои дигари мағоза молу ашёи зарурии рӯзгорро харидан мумкин аст.                    Эргаш Маҳмадбеков зикр намуд, ки ният дорад, ояндаи наздик дар шаҳри Иркутск коргоҳи консервабарорӣ сохта, истеҳсоли ҳасиб ва хӯрокҳои нимтайёрро ба роҳ монад. Вай қайд кард, ки мағоза тадриҷан ба маркази савдо табдил дода мешавад.                   Айни ҳол дар вилояти Иркутск 12 ҳазор мардикори тоҷик кор мекунад.                    Худи Эргаш Маҳмадбеков гӯштингири касбӣ мебошад. Ӯ ду сол дар шаҳри Красноярск таҳти роҳбарии тренери хизматнишондодаи Русия Владимир Шедрухин машқ кардааст. Э.Маҳмадбеков айни ҳол раиси ҷамъияти «Рушди гӯштини дзюдо» дар вилояти Иркутск мебошад.

Ноябрь 19, 2009 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид