МАШҚҲОИ ОМОДАБОШӢ ДАР КӮЛОБ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДА ШУДАНД
Кӯлоб, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Баҳри пешгирӣ аз офатҳои табии ҳокимиятҳои давлатӣ ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда машқҳои омодабоширо дар байни аҳолии дар мавзеи хатарнок ҷойгиршуда мегузаронанд. Дар асоси нишондодҳои ташкилию методӣ ҷиҳати тайёрии мудофиаи шаҳрвандӣ ва нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Кӯлоб бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагии мақомотҳои идоракунӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи шаҳрвандӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳои фавқулодда, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷамоъати деҳоти "Даҳана"-и ноҳияи Кӯлоб машқҳои омодабошӣ баргузор гардид. Машқҳои мазкур дар панҷ деҳае, ки дар соҳили дарёи Ёхсу мебошанд ва ҳар баҳор хавфи омадани сел таҳдид мекунад, таҳти унвони "идораи чорабиниҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ҳангоми пайдошавии хавфи сел, пешбурди корҳои огоҳкунии саривақтӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ дар водии Ёхсу" гузаронида шуд. Рафти машқҳо нишон дод, ки аҳолии мавзеъи мазкур ба ҳолатҳои фавқулодда тайёр буда, дар ҳолати таҳдиди хатар метавонанд муташакилона ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд. Роҳбарияти Ҷамоати деҳоти "Даҳана" ва дигар сохторҳое, ки дар машқ иштирок карданд аз худ маҳорати хуби касбӣ нишон доданд. Сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ аз хавфи омадани сел, кӯчонидани аҳолӣ ба ҷои бехавф, расонидани ёрӣ ба осебдидагон, таъмини сокинон бо маводи хӯрока ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи баланд сурат гирифтанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






