ЧАРО ЗАН ДАСТ БА ҶИНОЯТ МЕЗАНАД?

Декабрь 14, 2009 15:44

                    Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони гумруки Фурӯдгоҳи пойтахти Раёсати минтақавии гумрукии дар шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки боз се ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро пешгирӣ намоянд.                      Бояд қайд намуд, ки 5 декабри соли ҷорӣ кормандони гумруки фурӯдгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 627, ки самти Душанбе – Москва парвоз мекард, шаҳрванди ҶТ Зулфира Наботоваи 20 соларо дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Аз дохили либос ва бағоҷи дастии ӯ 105 дона ғалтакчаҳои селофанӣ ба вазни 611 грамм боздошт ва мусодира карда шуд.                      Инчунин 10 декабри соли равон кормандони гумрук бори аввал дар собиқаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба самти Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ошкор ва пешгирӣ намуданд. Кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 113, ки ба самти Душанбе — Урумчӣ парвоз мекард, шаҳрвандони ҶТ Зарина Ҳайдароваи 41 сола ва Дилбар Қурбоноваи 43 соларо дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.                       Кормандони гумрук аз дохили либоси З. Ҳайдарова 4 бастаи селофанӣ ба вазни 638,5 грамм ва 4 бастаи дигари селофанӣ аз Д. Қурбонова ба вазни 741,6 граммро ташкил медод, боздошт ва мусодира карда шуд.                       Нисбати ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи нақлиётии ҶТ барои гузарондани тафтишоти пешакӣ фиристонида шуд.  

Декабрь 14, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд