ЧАРО ЗАН ДАСТ БА ҶИНОЯТ МЕЗАНАД?
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони гумруки Фурӯдгоҳи пойтахти Раёсати минтақавии гумрукии дар шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки боз се ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро пешгирӣ намоянд. Бояд қайд намуд, ки 5 декабри соли ҷорӣ кормандони гумруки фурӯдгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 627, ки самти Душанбе – Москва парвоз мекард, шаҳрванди ҶТ Зулфира Наботоваи 20 соларо дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Аз дохили либос ва бағоҷи дастии ӯ 105 дона ғалтакчаҳои селофанӣ ба вазни 611 грамм боздошт ва мусодира карда шуд. Инчунин 10 декабри соли равон кормандони гумрук бори аввал дар собиқаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба самти Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ошкор ва пешгирӣ намуданд. Кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 113, ки ба самти Душанбе — Урумчӣ парвоз мекард, шаҳрвандони ҶТ Зарина Ҳайдароваи 41 сола ва Дилбар Қурбоноваи 43 соларо дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Кормандони гумрук аз дохили либоси З. Ҳайдарова 4 бастаи селофанӣ ба вазни 638,5 грамм ва 4 бастаи дигари селофанӣ аз Д. Қурбонова ба вазни 741,6 граммро ташкил медод, боздошт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи нақлиётии ҶТ барои гузарондани тафтишоти пешакӣ фиристонида шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






