КӮМАКҲОИ БАШАРДӮСТОНАРО МЕФУРӮШАНД

Декабрь 14, 2009 15:12

                    Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Толибов Тоҷиддин Хайруллоевич дар вазифаи духтури ғадудшиноси Маркази бемориҳои ғадудҳои дохилаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе кор карда, рўзи 25 сентябри 2009 ҳангоми фурўхтани 10 дона маводи дорувории «Хумулин»-ро, ки ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид шудааст, аз шаҳрванд «М» маблағи 200 сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Баъди гирифтани ин маблағ, аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.                    Дар ҳаракатҳои Толибов. Т. Х. аломатҳои ҷиноятӣ бо моддаи 257 Кодекси ҷиноии ҶТ пешбинишуда дида мешавад. Нисбати ў чораҳои пешбининамудаи қонунӣ андешида шуда истодааст.

Декабрь 14, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш