САҲМИ ВАРЗИШГАРИ НОМӢ БА СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари машҳури тоҷик, барандаи ҷоизаи биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин Расул Боқиев барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 2 ҳазор сомонӣ гузаронд. Аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Р.Боқиев айни ҳол дар Маскав зиндагӣ мекунад. Вай аввалин варзишгари тоҷик мебошад, ки ҳамчун ватандӯст даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар сохтмони ин нерӯгоҳи бузург саҳм гузошт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Расул Боқиев шаҳрванди Русия мебошад. Вай ба қарибӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии гӯштингирони Русия иштирок намуда, ҷои аввалро ишғол намуд ва сазовори унвони қаҳрамон гардид.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






