САРМО САДДИ БУНЁДКОРӢ НАМЕШАВАД
Хоруғ, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Ҳарҷанд зимистони Бадахшон қаҳратун бошад ҳам, ҷараёни кор дар иншоотҳои иҷтимою фарҳангии вилоят аз рӯи реҷа идома дорад. Чунончӣ, кор дар бунёди Литсеи Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, маркази ҷавонон, студияи телевизиони вилоят, театри вилоятӣ бинои 5 – ошёнаи истиқоматӣ ва ғайра босуръату сифати баланд идома дорад. Иншоотҳо бо масолеҳи бинокорӣ ва қувваи корӣ таъмин буда, маоши бинокорон сари вақт пардохт мешавад. Тибқи нақша кулли иншоотҳои азим, ки дар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он Президенти кишвар шахсан ширкат меварзад, дар рӯзҳои умумиҷумҳуриявии Ваҳдат, ки соли оянда дар вилоят таҷлил мегардад, мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






