ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ АСАРИ БЕҲТАРИН ДАР ХАТЛОН
Кӯлоб, 21 январ. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов). — Романи “Масъуди сипаҳсолор” –и нависанда Саид Раҳмон дар як озмуни беҳтарин асари насрӣ дар вилояти Хатлон соҳиби ҷоизаи ба номи Носири Хусрав гашт. Маблағи ин ҷоиза, ки 5 ҳазор сомонӣ қиммат доштааст, ба муаллифи роман тақдим гардид. Саид Раҳмон, муаллифи “Масъуди сипаҳсолор” дар ҳоле, ки асараш мақоми аввалро соҳиб шудааст мегӯяд, аз ин маълум мешавад, ки заҳматҳои тӯлонии ӯ дар роҳи иншои ин асар беҳуда набудааст. Ба гуфтаи ӯ, исми қаҳрамони асараш шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бо набардҳои истиқлолхоҳӣ ва дифоъ аз марзу буми меҳан ҷовидонист. Соли гузашта ҳукумати вилояти Хатлон барои беҳтарин асари назмӣ ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин ва барои беҳтарин асари насри ҷоизаи ба номи Носири Хусрав созмон дода буд. Дар ин озмун адибони вилоят беш аз 15 асари насрӣ пешниҳод намуда буданд, ки дар ин бахш соҳиби ҷоиза романи “Масъуди сипаҳсолор” гардид. Раҳматалии Назрӣ, як адиб мегӯяд, воқеан романи “Масъуди сипаҳсолор” арзиши чунин ҷоизаро дошт. Ба гуфтаи ӯ, маҳаки асосии роман бедор кардани меҳандӯстиву ватанпарварӣ дар қалби инсонҳост. Дар ҳамин ҳол Саид Раҳмон мегӯяд, ӯ барои таълифи романи мазкур таи ду сол борҳо ба Афғонистон сафар карда, бо ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони аслии роман сӯҳбат кардааст. Ҳамакнун нависанда тасмим дорад, то ин романро бо ҳуруфи форсӣ баргардонӣ ва бо русӣ низ тарҷума намояд. Романи “Масъуди сипаҳсолор” дар охири соли 2008 бо теъдоди ҳазор нусха нашр шуда буд. Дар ин роман корномаҳои қаҳрамони миллии Афғонистон таҷассум ёфтааст. Гуфта мешавад, “Масъуди сипаҳсолор” нахустин романест, ки ба рӯзгори Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон бахшида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






