625 ҲАЗОРУ 400 СОМОНӢ БАРОИ РОҒУН
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар ҷавоб ба Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурӣ дар мавриди саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун то санаи 23 январи соли равон ба маблағи 625 ҳазору 400 сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Аз ин маблағ 95 ҳазору 400 сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои пулии бахши худмаблагузории ташкилот саҳмия харидорӣ шудааст. Кормандони ташкилот бошанд, ба маблағи 530 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Бар иловаи ин аз ҳисоби маблағгузории буҷет ва воситаҳои пулии бахши худмаблағгузории ташкилот 117 ҳазор сомонӣ ҳамчун кӯмак ба суратҳисоби ҷамъияти саҳҳомии НБО — и Роғун гузаронида шуд. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷаҳои фаъолияти солонаи ташкилот , ки санаи 15 январи соли равон баргузор гардид, қарор шуд, ки дар давоми соли 2010 ҳар зерсохтор моҳе ба маблағи 500 сомонӣ бояд саҳмия харидорӣ кунад, ки маблағи солонаи умумии он ба 475 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад буд. Бо мақсади фаҳмонидани моҳияту аҳамияти харидории саҳмияҳо дар ҷаласаҳои ҷамъбастии кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятӣ, мактабу бошгоҳҳои ташкилот чорабиниҳои иттилоотӣ — тарғиботӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаи хуб доданд. Кумита минбаъд низ харидории саҳмияҳоро идома дода, дар ин маъракаи умумимиллӣ пешоҳанг хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






