А. НИЗОМОВ: «ТАШКИЛИ КОНСЕРТҲОИ АКАДЕМӢ — МУСОИДАТ БА БОЛОРАВИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ АСТ»

Январь 21, 2010 11:27

                  Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли 2009 ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 504 нафар довталабон ҳуҷҷат супориданд, ки нисбат ба соли 2008-ум 109 нафар зиёд аст. Аз ин шумора ба гурӯҳи буҷавии рӯзона 180 нафар ва ба гурӯҳи буҷавии ғойибона 51 нафар қабул гардиданд. Ба гурӯҳҳои рӯзона ва ғойибонаи шартномавӣ 185 нафар ва 63 нафар, инчунин тибқи квотаи президентӣ 25 нафар ба донишгоҳ дохил шуданд. Дар ин бора ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Аслиддин Низомов зимни нишасти матбуотӣ, 21 январ ба хабарнигорон иттилоъ дод.                     Ректор зикр намуд, ки дар соли ҳисоботӣ Шӯрои илмӣ-методии донишкада дар ҷаласаҳои худ раванди фаъолияти илмӣ-методии донишкадаро мавриди баррасӣ қарор дода, зиёда аз 50 номгӯ барнома ва адабиёти таълимй-услубиро ба ба чоп тавсия намуданд.                       А. Низомов мӯътакид бар он аст, ки яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим дар бахшҳои мусиқӣ ин баргузор кардани консертҳои академӣ мебошад. Тӯли 3 сол аст, ки консертҳои академӣ дар ихтисосҳои ду факулта — омӯзгорӣ ва фарҳангшиносӣ доир мегардад, ки бевосита ба болоравии сифати таълиму тарбия дар донишкада мусоидат мекунанд.                     Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли 2009 донишкадаро аз рӯи 11 ихтисос, аз ҷумла рассомӣ — 4 нафар, актёри драма ва кино – 15 нафар, рӯзноманигори садов а симо – 18 нафар, китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ — 37 нафар, таълими мусиқӣ — 22 нафар, режиссёри намоишҳои театронидашуда ва идҳо – 35 нафар, ансамбли мусиқии мардумӣ — 7 нафар, ҷамъ 181 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 16 нафарашон соҳиби дипломи «аъло» гардиданд.  

Январь 21, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд