ФУРӮШИ МОЛ БА АҲОЛӢ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои дафтари матбуотии Палатаи савдо ва саноат, дар моҳҳои январ – ноябри соли 2009 ташкилотҳои савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва ашхоси воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 4886,1 млн. сомонӣ мол фурӯхтаанд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, гардиши мол дар савдои чаканаи корхонаҳои расмӣ ба қайд гирифташуда 359,6 млн. сомонро ташкил додааст. Корхонаҳои кооператсияи матлубот ба маблағи 97,3 млн. сомони мол фурӯхтанд. Гардиши мол дар савдои чаканаи ҳамаи соҳаи савдо бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба моҳҳои январ – ноябри соли 2008 9,8 фоиз афзудааст. Ҳаҷми умумии гардиши мол дар савдои чаканаи ҳамаи соҳаҳои савдо, аз ҷумла, дар сектори давлатӣ 117,6 фоиз, сектори ғайридавлатӣ 109,7, «Тоҷикматлубот» — 163,7, бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 109,6 фоизро ташкил кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






