ПАЛАТАИ ПОЁНИИ ПАРЛУМОН ЛОИҲАИ «CASA-1000»-РО БА ТАСВИБ РАСОНД
Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи «CASA-1000»-ро ба тасвиб расонд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Садриддин Хайриддинов гуфт, ки тасвиби Созишномаи «CASA- 1000» қадами муассир буда, ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистонро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тақвият мебахшад. Мавсуф афзуд, ки барои татбиқи ин лоиҳа тақрибан 700 миллион доллар лозим аст. Тибқи Созишномаи «CASA-1000» хати интиқоли нерӯи барқ бо иқтидори 1000 мегаватт сохта шуда, тавассути он ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон нерӯи барқи зиёдатии худро ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон интиқол медиҳанд. Хати баландшиддати 1000-мегаватта 750 километр дарозӣ дошта, сохтмони он аз марзи Тоҷикистон оғоз гардида, то Афғонистону Покистон тӯл мекашад. Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико тасмим гирифтаанд, ки барои амалӣ сохтани лоиҳаи мазкур сармоягузорӣ намоянд. Лоиҳаи «CASA-1000» бо назардошти сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст. Дар мавриди татбиқи лоиҳаи мазкур Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои захираҳои бои обию энергетикианд, нерӯи барқро ба кишварҳои ниёзманд, ба мисли Афғонистон ва Покистон фурӯхта, иқтисоди кишварҳояшон баланд хоҳанд бардошт.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






