ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛУ КОММУНАЛӢ

Январь 14, 2010 15:43

                  Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилу коммуналӣ» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 нишасти матбуот баргузор гардид. Ба саволҳои хабарнигорон директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилу коммуналӣ» Раҳмат Бобокалонов ва кормандону мутахассисони масъули он ҷавоб доданд.                  Р.Бобокалонов зикр намуд, ки муассисаҳои соҳа соли 2009 ба аҳолӣ ба маблағи 44 миллиону 997 ҳазор сомонӣ кӯмак расонданд. Дар ин давра ба мизоҷон ба маблағи 21 миллиону 366 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки нисбат ба соли 2008 хеле зиёд мебошад. Даромади ин корхонаҳо 1 миллиону 196 ҳазор сомониро ташкил дод. Корхонаҳои системаи водоканализатсия ба мизоҷон ба маблағи 14 миллиону 952 ҳазор сомонӣ хизмат расониданд, даромади онҳо дар ин давра 884 ҳазор сомониро ташкил дод. Муассисаҳои ба қайдгирии техникии манзил нақшаи солонаи худро ба андозаи 8 миллиону 138 ҳазор сомонӣ иҷро намуданд.                    Корхонаи воҳиди давлатӣ айни ҳол бо силсилаи муассисаҳои байналхалқии молиявӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Бо кӯмаки онҳо шабакаҳои обрасонӣ тармим карда мешаванд.                     Р.Бобокалонов изҳор намуд, ки фаъолияти муассисаҳои гармидиҳии ҷумҳурӣ тақрибан аз байн рафтааст. Айни ҳол бисёр дегхонаҳо аз кор баромадаанд. Ҳоло аз 41 дегхонаи калон ҳамагӣ 8 дегхона кор мекунаду халос. Бо кӯмаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва шаҳри Хуҷанд чор дегхона барқарор карда хоҳад шуд. Инчунин тармиму таҷдиди дегхонаҳои муассисаҳои мактабию томактабӣ ва тиббӣ ба нақша гирифта шудаанд, гуфт Р.Бобокалонов.                     Таъкид шуд, ки кормандони соҳа ташаббуси Сардори давлатро дар бобати тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» якдилона дастгирӣ намуда, ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои онро хариданд.                      Айни ҳол дар системаи хоҷагии манзилу коммуналии мамлакат зиёда аз 6000 нафар кор мекунад, гуфт дар хотима Раҳмат Бобокалонов.

Январь 14, 2010 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад