АЗ ТУРСУНЗОДА КӢ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ МЕШАВАД?
Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 28 феврал доир мегардад, тамоми шароити мусоиди интихоботӣ фароҳам оварда шудааст». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Турсунзода № 5 Муҳаббат Ҷалолӣ иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки дар ҳавзаи Турсунзода № 5 се нафар номзад аз аҳзоби сиёсии кишвар ва як нафар ба таври худпешбарӣ ба қайд гирифта шудааст. Номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи мазкур Баракатулло Атохоҷа ( Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон), Ҳаитбобо Ҳаитов (Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Иброҳим Юнусов (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон) ва Ҳамидулло Алишеров (ба таври худпешбарӣ) мебошанд. Муҳаббат Ҷалолӣ афзуд, ки дар шаҳри Турсунзода беш аз 140 ҳазор нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Турсунзода 54 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо бо тамоми маводи зарурӣ, аз қабили қуттиҳои шаффоф, хоначаҳои райъдиҳӣ (кабинаҳо) ва дастурамалҳо ҷиҳозонида шудааст. Аз ҷониби масъулини комиссияи ҳавзавии интихоботӣ нақшаи чорабиниҳои вохӯрию мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон тасдиқ гардид. Тибқи он дар тамоми ҷамоату шаҳракҳо, муассисаю корхонаҳои саноатӣ вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида шуда, номзадҳо барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ месозанд. Инчунин, барои омода намудани кормандони участкаҳои интихоботӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, ба онҳо нозукиҳои баргузории интихобот омӯзонида мешаванд. Муҳаббат Ҷалолӣ нақши кормандони васоити ахбори оммаи маҳаллии шаҳри Турсунзодаро ҷиҳати инъикоси омодагиҳо ба ин интихоботи парлумонӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳим арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки тавассути рӯзномаи шаҳрӣ ва телевизиони маҳаллӣ барномаю маводҳои ҷолиби пешазинтихоботӣ пешкаши мардум гардонида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






