РАДДИЯИ ДАФТАРИ МАТБУОТИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ

Февраль 28, 2010 13:08

          Хабаре, ки 27 феврали соли 2010 дар сайти интернетии Сентразия.ру бо имзои Фаррух Алидодов дар бораи интихоботи парлумони Тоҷикистон ҷой дода шудааст, хонандагонро бо хусусияти дурӯғи дағалона ва иғвогарона доштанаш ба ҳайрат меандозад. Аввалан, бояд таъкид кард, ки сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Юлдошева ба ҳеҷ кас дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар ташкилу гузаронидани интихоботи парлумони Тоҷикистон ягон маълумоти бардурӯғ надодааст. Даъвои муаллифи хабар дар бораи он, ки «Ҳукумати Русия барои тайёр намудани 17 миллион варақаи овоздиҳӣ маблағи кӯмаки бебозгашт ҷудо кардааст», дурӯғи маҳз буда, ягон асоси воқеӣ надорад. Ҳамаи варақаҳои овоздиҳӣ дар матбааи Маҷмаи давлатии нашаротии «Шарқи Озод» дар шаҳри Душанбе чоп карда шуданд.                Баъдан, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на моҳи сентябри соли 2009 ва на пеш ва баъд аз он ба ягон созмони байналмилалӣ дар бораи расонидани кӯмаки молиявӣ барои ташкили комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо муроҷиат накардааст. Даъвои беасоси муаллифи хабар дар ин масъала комилан дурӯғ мебошад. Ӯ ягон далел намеорад, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба кадом созмони байналмилалӣ муроҷиат кардааст ва ба истилоҳ иқтибоси аз изҳороти муштараки созмони байналмилалии сохтаю бофтаи муаллиф аз кадом манбаъ гирифта шудааст.             Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки маъракаи тайёр ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ соли 2010 танҳо аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағ таъмин карда шуд. Дар сайти интернетии Сентразия.ру ҷой дода шудани хабари бардурӯғ бо имзои Фаррух Алидодов танҳо амали моҷарочӯёнаи сиёсӣ буда, ҳадафи ягонаи он бадном сохтани интихоботи озоду демократӣ ва шаффоф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Февраль 28, 2010 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад