РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КУШОДА ШУД

Февраль 10, 2010 09:19

                Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Комиссияи  кории Вазорати  нақлиёт  ва  коммуникатсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  9  феврал  вазъияту  ҳолати   роҳи  мошингарди  Душанбе – Хуҷандро  аз  назар  гузаронид.  Бояд  гуфт, ки  дар натиҷаи  боридани  барфи  зиёд  ҳаракати нақлиёт  дар  роҳи  мазкур  чанд рӯз боз  қатъ  гардида буд.           Сардори  раёсати  умумии  хоҷагии  роҳҳои  Вазорати  нақлиёт  ва  алоқа  Алоуддин Аноятшоев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  тӯли  рӯзҳои  гузашта дар   роҳи  мошингарди   Душанбе – Хуҷанд,  дар  ағбаҳои   Анзоб  ва  Шаҳристон  ягон  воқеаи  нохуши  нақлиётӣ  рух  надодааст.  Вай  зикр намуд, ки  роҳи  мошингарди  мазкур  айни  ҳол  аз  барқу  тарма  пурра  тоза  карда шуд ва  ба рафту  омади  воситаҳои  нақлиёт  ба  воситаи  туннели Истиқлол  иҷозат  дода шуд.            Хабар  дода  мешавад, ки   роҳҳои  мошингарди  самти  Хоруғ  ва  Дарвоз  низ  баъди  қатъ  гардидани  бориши  барф кушода шуданд.

Февраль 10, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад