БОНКИ НАВИ АВРУПОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Март 30, 2010 12:28

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Тоҷикистон бонки нави қарздиҳӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Аксесбонк Тоҷикистон» аз тарафи 4 ташкилоти молиявии байналхалқӣ таъсис дода шудааст, ки дар маҷмӯъ маблағгузории он 48 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, саҳми Аксэс Майкрофайнэнс Холдинг АГ-и Олмон 52%, Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ18%-ӣ ва Бонки рушди Олмон 12% мебошад. «Аксесбонк Тоҷикистон» бо соҳаи моликияти хусусӣ ва аҳолии дорои даромади паст ва миёна кор карда, дар аввал додани қарзҳои хурд, маблағгузорӣ ба хоҷагии қишлоқ ва интиқоли маблағро ба роҳ мондааст. Дар назар аст, ки давоми 5 соли оянда 17 филиали ин бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кушода шаванд. Барои ёрдами техникии «Аксесбонк Тоҷикистон» дар роҳи вусъат ва кушодани филиалҳои бонк дар минтақаҳо маблағҳои бебозгашти ҳукуматҳои Австрия, Олмон, Ҷопон ва Люксенбург истифода бурда мешаванд. Гуфтанист, ки бонки мазкур аз тарафи гурӯҳи роҳбарони хориҷии ботаҷриба идора шуда, ҳиссаи бузурги кормандонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар ин бонк 69 нафар корманди маҳаллӣ фаъолият дошта, раванди интихоб ба ҷойҳои корӣ, дар баробари вусъатёбии шумораи нави шуъба ва филиалҳои бонк, меафзояд.

Март 30, 2010 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад