ДЕҲҚОНОНИ ХАТЛОН БО ОБ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Март 30, 2010 15:15

Қӯрғонтеппа, 30 март.(АМИТ «Ховар», Беков Юсуфбек).-Хоҷагии оби вилояти Хатлон мегӯяд,ки ҷамъ шудани қарзи зиёд  сабаби сустшудани фаъолияташон гаштааст. Сардори раёсати хочагии оби вилояти Хатлон Мирзо Собиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт,ки то имрӯз қарзҳо зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Онҳо инчунин бинобар қарздориашон наметавонанд,ки дастгоҳҳои обкашониро барои хоҷагидорон дар шаҳру нохияҳо таъмир намоянд ва ин сабаб шудааст,ки ҳамарӯза кори онҳо бенатиҷа мемонад. Ва ин дар навбати худ метавонад,ки мушкили деҳқонону кишоварзонро  дучанд созад.   Раёсати мелиоратсияи вилояти Хатлон дар сари вақт таьмин кардани хоҷагиҳо ва кишоварзон 73 адад экскаваторро истифода мебарад. Аз рӯи нақша насосҳои обкашро  то ба имрӯз  427 ададашро таьмир мекарданд,  ҳоло бошад 324 ададаш аз таьмир пурра  бароварда шудааст.   Барои тоза кардани шабакаҳои  захбуру захкаш аз тарафи ҳукумати маҳаллӣ, раиси  вилояти Хатлон Ғ. Авзалов  3 миллион сомонӣ ҷудо шуда, то ба имрӯз аз  як миллионаш  аз худ карда шуд, соли ҷорӣ 95 фоиз шабакаҳои обдиҳӣ пурра тоза карда шуда, барои деҳқону кишоварзони вилоят  барои ба об таъмин кардан хеле корҳоро ба анҷом расонида истоданд, мегӯяд сардори хоҷагии оби вилояти Хатлон   Мирзо Собиров.  

Март 30, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ