ГУСТАРИШИ МУНОСИБОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди муносибатҳои молиявӣ ва техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳайатҳои ин ду кишвар машварат оғоз гардид, ки ду рӯз идома мекунад. Ҳадафи аслии ин машварат омода намудани созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ барои солҳои 2010-2011 ва гузаронидани мулоқоти ҷонибҳо дар тирамоҳи соли ҷорӣ мебошад. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки самти асосии ҳамкорӣ дар оянда низ «Рушди устувори иқтисодӣ» маҳсуб ёфта, соҳаҳои тандурустӣ, молия, энергетика, таълимоти касбй ва рушди инноватсионӣ низ дастгирӣ карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни машварат, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшавандае, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ карда мешаванд, мавриди баррасй қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, таҷдиди беморхонаи касалиҳои сили «Мачитон», сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон, беҳтарнамудани хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомиладору кӯдакони навзод ва барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ мебшанд. Ҳамчунин масъалаҳои соҳаи энергетика, аз қабили иваз намудани таҷҳизоти барқтақсимкунандаи 220/500 кB-и НБО «Норак» ва сохтмони НБО-и хурд дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ маврди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






