ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ МАЪРИФАТӢ

Март 30, 2010 14:16

Душанбе,  30  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   29 марти соли ҷорӣ  дар Маркази ташхиси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии  Маркази минтақавии маърифатӣ оид ба муҳоҷират ва бемории норасоии масунияти бадан (СПИД) доир гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»   аз Хадамоти  муҳоҷирати ВКД ҶТ иттилоъ доданд,   маркази мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи минтақавӣ таҳти унвони «Пешгирии СПИД миёни муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои манбаъ, марказ баҳри бо омӯзиши масъалаҳои муҳоҷират ва бемории СПИД-у пешгирии он фаро гирифтани кормандони бахшҳои давлатӣ (табибон, кормандони вазорату идораҳо) ва ғайридавлатӣ (намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ)-и кишварҳои иштирокчии лоиҳа — Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ва шахсони алоҳида бобати масъалаҳои муҳоҷират ва бемории СПИД метавонанд аз маркази мазкур адабиёту маводи зарурӣ ва кӯмаки иттилоотӣ дастрас намоянд.

Март 30, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд