КУМИТАИ АНДОЗ СОҲИБКОРОНРО ОГОҲ МЕКУНАД

Март 12, 2010 16:15

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ду рӯз боз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тартиби истифоди низоми соддакардашудаи ҳисобот ва ба ҳисобгирӣ дар  муассисаҳои хурди тиҷоратӣ» семинар идома дорад. Дар машварат асосан  тағйиру иловаҳо ба Қодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва  тартиби  истифодабарии  низоми соддакардашудаи ҳисобот ва ба ҳисобгирӣ  дар муассисаҳои  хурди тиҷоратӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Мутахассисони Кумитаи андоз  ба андозсупорандагон тағйиру иловаҳои воридгардидаро муфассал шарҳу эзоҳ доданд. Ҳамчунин, оид ба ҳалли  масъалаҳои дигари марбут ба низоми  соддакардашуда низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар машварат беш аз 300 нафар сармуҳосиб, соҳибкор ва роҳбарони  корхонаю муассисаҳои ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии  шаҳри Душанбе, ки ба тарзи соддакардашудаи ҳисобот фаъолият менамоянд, ширкат варзиданд. Чунин семинарҳо то 19 марти соли равон дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Конибодом ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  низ гузаронида мешаванд.

Март 12, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад