МИСР ДАР ИҶЛОСИЯИ ДУШАНБЕ ИШТИРОК МЕКУНАД
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Миср дар иҷлосияи 37 Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ, ки 18-20 майи соли рвон дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар ин бора рӯзномаи мисрии «ал-Ахбор» дар заминаи ҳафтавораш «Ахбору-л-явм» аз 6 марти соли ҷорӣ таҳти унвони «Миср дар иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои исломӣ иштирок мекунад» хабар чоп кардааст. Дар рӯзнома омадааст, ки сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Нарзулло Назаров иброз дошааст, ки Миср бо назардошти нақши пешқадам ва муассир дар Созмони конфронси исломӣ ба туфайли иштироки худ дар ин чорабинӣ такони қавие ба таҳкими ҳамкории муштарак хоҳад дод. Сафир ҳамчунин тавзеҳ дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони вазири корҳои хориҷии Миср Аҳмад Абулғейт даъватнома барои иштирок дар иҷлосияи исломӣ фиристодааст. Тавре сафир ишора кард, ин иҷлосия таҳти шиори «Баҳри таҳкими бештари ҳамкории исломӣ» доир гардида, дар он мавзӯъҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сиёсии мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳони ислом мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






