НАФАҚАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ ЗИЁД МЕШАВАД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли равон «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани шароити моддии зиндагии иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 –1945» нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ҳамсарони ҷанговарони ҳалокшуда ва шахсоне, ки солҳои ҷанг камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор карда ё хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, зиёд карда мешавад. Мувофиқи фармони мазкур нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг аз 1 майи соли равон сар карда, ба маблағи 60 сомонӣ ва нафақаи ҳамсарони ҷанговарони дар ҷанг ҳалокшуда, шахсоне, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ камаш 6 моҳ кор кардаанд ё хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, 30 сомонӣ зиёд карда мешавад. Дар ин бора мудири шӯъбаи сиёсати нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Ҳакимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ






