ОҒОЗИ СОХТМОНИ ТУННЕЛИ ЧОРМАҒЗАК

Март 15, 2010 13:40

Душанбе,  15 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон имрӯз  дар  маросими  оғози  сохтмони туннели «Чормағзак» ва  гузоштани хишти  аввали он  иштирок намуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  туннели  «Чормағзак» дар  роҳи  мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара  сохта  мешавад. Масофаи роҳ баъди  сохтани  туннел  100 километр  кӯтоҳтар  хоҳад  гашт. Инчунин, ба  шарофати он  вақти  рафту омади  нақлиёт  ва  хароҷоти  маводи  сӯхти  он  хеле  кам  хоҳад  гашт. Туннели  мазкурро Ширкати  роҳу  кӯпруксозии   Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  месозад. Барои  сохтмони  туннел  тақрибан  300 миллион  сомонӣ  сарф  карда  мешавад.  Дарозии  туннел 4  километру  450  метр  буда,   сохтмони он  се  сол  давом  мекунад. Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  имрӯз  инчунин  дар  деҳаи  Чормағзаки  ноҳияи  Ваҳдат  дар  маросими  оғози бунёди  токзори нав  ширкат  варзид. Хабар  дода  мешавад, ки  токзори нав  бо ташаббуси  кооперативи  истеҳсолии  «Ёқут»  бунёд  карда  мешавад  ва  масоҳати  он  32  гектар  мебошад. Сардори  давлат  ва  ҳамроҳонаш  дар  боғи  нав  якчанд  ток  шинонданд. Айни  ҳол  дар токзори нав 320   сокини  маҳаллӣкор  мекунад. Баъди  ба  истифода додани боғ  дар он  боз 200 нафари дигар  бо  кор таъмин  карда  хоҳад  шуд. Сардори  давлат  дастур  дод, ки   дар  ин  ҷо  дар  масоҳати  738  гектар   боғу  токзор  бунёд  карда шавад. Инчунин  ба   роҳбарияти  Донишгоҳи  аграрӣ  супориш  дода  шуд, ки  таҷрибаи  истеҳсолии  донишҷӯён  минбад  дар кооперативи  истеҳсолии «Ёқут»  гузаронида шавад.

Март 15, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад