ҒОЛИБИ ЗИНАИ ЯКУМРО 3500 $ ИНТИЗОР АСТ

Апрель 9, 2010 14:37

Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ба ғолиби ҷои аввали ниммарафони байналмилалӣ, ки бахшида ба Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад 3500 $ америкоӣ тақдим менамояд. Ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт 17 апрел соати 10 дар масофаи 21 км 097 м – гузаронида шуда, дар он дастаҳо аз 14 бародаршаҳри Душанбе иштирок мекунанд. Аз Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ниммарафон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳои Душанбе гузаронида мешавад.Ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани ниммарафон дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Cарраёсати молияи шаҳр вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд. Дар ниммарафон варзишгарон аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт инчунин, алоқамандону варзишгарони касбӣ, ки собиқаи ширкат дар чунин мусобиқаҳоро доранд, кормандони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии дар Душанбе фаъолиятдошта иштирок менамоянд. Варзишгарон новобаста аз ҷинсият бояд аз синни  20 боло ва қобилияти  гузаштани масофаи ниммарафон на дертар аз 2 соатро дошта бошанд. Варзишгарони аз синни 20 хурд бояд иҷозатномаи махсуси духтур ва ҳайати доваронро пешниҳод намоянд. Шаҳрдории Душанбе ба иштирокчиёни ниммарафон, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, бо мукофотҳои пулӣ аз ҷумла, барои ҷойи якум 15 330 сомонӣ ( 3500 $ ИМА), ҷойи дуюм 13140 сомонӣ (3000  $ ИМА), зинаи сеюм 10 950 сомонӣ (2500 $ ИМА), ҷойи 4-ум 8 760 сомонӣ (2000 $ ИМА), зинаи 5-ум 7884 сомонӣ (1800 $ ИМА), ҷойи 6-ум 6570 сомонӣ (1500 $ ИМА) қадрдонӣ менамояд.  

Апрель 9, 2010 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад