ХАТНАСУРИ 379 НАФАР ДАР НОҲИЯИ БОХТАР
Бохтар, 15 апрел. (АМИТ «Ховар»,Юсуфбек Беков).-Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон то 1- уми апрели соли ҷорӣ зиёда аз 1753 ҷашну маросимҳои мардумӣ баргузор шудаанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Саломатхон Бобоева, мудири танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии ин ноҳия хабар дод. Бино ба гуфти ӯ аз ин шумора 618 ададаш тӯи домодию арусӣ, 416 хатнасур, 191 маросими дафн, 86 маросими чил, ва 62 маросими сол мебошанд. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ин давра танҳо 1 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби халқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати он аз тарафи суди ноҳия чораҳои дахлдор андешида шуд. Инчунин аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия дар ин муддат хатнасури 379 нафар фарзандони оилаҳои баргузор гардида, ҳамаи тифлакон бо сару либос ҳавасманд гардонида шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






