ХУШБИНӢ АЗ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди он ки дар семоҳаи соли ҷорӣ муносибатҳо бо кишварҳои ИДМ дар ҳоли рушд қарор доранд, ( агар муносибатҳои ҳамсоякишварамонро ба назар нагирем) сиёсати хориҷии Тоҷикистон чун пештара дар сатҳи ҳамкориҳои муфиди дуҷониба ва «дарҳои кушод» бо ҳама давлатҳои хориҷи дурру наздик боқӣ мемонад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи неки ҳамсоягӣ тағйирнопазир мебошад, бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳамкориҳои неки ҳамсоягӣ то дараҷае хушбин нест. Барои мисол баҳонаи интиқол надодани қатораҳои пурбори Тоҷикистонро аз хоки худ дар вайронии роҳи оҳани Термиз – Хатлон медонанд, ки ин асосе надорадва дар ин роҳ ҳеҷ гуна камбудӣ мушоҳида намешавад,- мегӯяд муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи ин масъала талошҳо дорад ва масъалаи вуруди қатораҳоро аз хоки Ӯзбекистон дар сатҳи муовинон ва сафирони сафоратхонаҳои ҳар ду ҷумҳурӣ баррасӣ мекунад ва боварӣ ҳаст, ки он аз рӯи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






