ТАЪСИРИ Б&#1262ҲРОНИ ИҚТИСОДИИ &#1206А&#1202ОН&#1250 БА ХОНАВОДА&#1202ОИ ТО&#1206ИКИСТОН

Апрель 30, 2010 13:34

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муаррифии ҳисобот оид ба натиҷаҳои тадқиқоти «Таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба хонаводаҳои Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар чаҳорчӯбаи тадқиқот, ки онро Фонди ҷамъиятии «Панорама» бо дастгирии Вазорати рушди байналмиллалии Британия (DFID) гузаронида буд, 1500 хонавода аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди пурсиш қарор гирифтанд.   Дар муаррифии ҳисобот  кормандони вазорату идораҳо, экспертҳо, муҳаққиқон, намондагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодҳои ҷамъиятии Тоҷикистон иштирок намуданд. Раиси Фонди ҷамъиятии «Панорама» Татяна Бозрикова дар суханронии худ иброз дошт, ки аксаряти хонаводаҳои Тоҷикистон таъсири бӯҳронро дар равандхои муҳоҷирати меҳнатӣ, кам шудани даромад, бадтар гардидани некӯаҳволии оилаҳо, инчунин кори худро аз даст додани аъзоёни бисёр хонавоадҳо эҳсос намуданд. Тибқи маълумотҳои тадқиқот дар ҳар як хонаводаи сеюми ҷумхурӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ интиқоли пулӣ мегиранд. Дар деҳот миқдори хонаводаҳое, ки интиқоли пулӣ мегиранд(40,1%), назар ба ҳамин гунна хонаводаҳои шаҳр (19,6%) боз ҳам зиёдтар аст. Дар заминаи сахт вобаста будани хонаводаҳо аз пулфиристии муҳоҷирони меҳнатӣ ва якбора кам гардидани интиқоли пули муҳоҷирон оқибати манфии ҷиддитарини бӯҳрон барои хонаводҳо гардид. Таъсири дигари бӯҳрон ба хонаводаҳои тоҷик ин то охири моҳи сентябри соли 2009 маҷбуран ба ватан баргаштани қариб 30% муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки сабаби рӯй додани бӯҳрон дар мамлакатҳои қабулкунанда ва дар навтаи аввал дар Русия ҳаст.  «Паст шудани сатҳи даромади хонаводаҳои тоҷик дар вақти бӯҳрон пеш аз ҳама дар натиҷаи кам гардидани интиқоли пуллии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз даст додани маош аз корҳои мувақатӣ якдафъаина ва асосӣ, инчунин кам шудани даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба амал омад», — гуфт Т. Бозрикова. Аз рӯи ақидаи мушовири иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказии DFID С. Қурбонов барои DFID, ки фаъолияти он ба бартараф намудани қашоққӣ дар мамлакатҳои дорои сатҳи пасти даромад равона гардидааст, маълумот доштан дар бораи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва некуаҳволии моддии табақаҳои қашшоқӣ аҳолӣ хело муҳим аст. Тадқиқотҳои дар мамлакатҳои дигар гузаронидашуда ёрӣ расониданд, ки барои кам кардани таъсири оқибатҳои бӯҳрон тавсияҳои зарурӣ тайёр карда шаванд. Дар рафти мубоҳисаҳо баромадкунандагон диққати ҳозиронро ба зарурати андешидани маҷмӯи чораҳо баҳри кам кардани таъсири оқибатҳои бӯҳрон ба хонаводаҳо, инчунин ба таҳияи механизмҳои самарабахши ҳалли вазифаҳои миёнамӯҳлат оид ба рушди иқтисодии мамлакат ҷалб намуданд. Ҳангоми муҳокимаи тавсияҳо аз рӯи ҷамъбасти тадқиқот ба тадбирҳои васеъ намудани шуғли аҳолӣ ва ба кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии баргашта, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳибкорони деҳот, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои камбизоатӣ аҳолӣ, густариш додани дастрасии аҳолӣ ба хизматҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зохир карда шуд.

Апрель 30, 2010 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад