ВОРИДОТИ ГӮШТУ ТУХМ КАМ ШУД
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, дар семоҳаи якуми соли 2010 содироти нахи пахта 5 ҳазор тонна, сабзавот — 5,5, меваи тар -90, кабутӣ -30, пиёз – 23 ҳазору 638 тонна зиёд гардидааст. Маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла, орд 33308 тонна, гандум – 38174, ҷав 1 ҳазор тонна ва ба миқдори 33374, 7 тонна ярма ва 24 ҳазор тонна пиёз кам гардида, танҳо воридоти картошка 10 ҳазор тонна нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 зиёд гардидааст. Маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ бошад, бо сабаби афзоиш ва ҳифзи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 2 ҳазоу 100 тонна гӯшти мурғ ва 30 млн. дона тухм кам ворид карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






