БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҚАБУЛИ ТОҶИКИСТОН БА СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТИҶОРАТ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Муассисаи минтақавии озодии тиҷорат ва ислоҳоти гумрук пагоҳ, 28 май ҳамроҳи Иттиҳоди миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон ва созмони ҷамъиятии «Хома» мулоқоти журналистонро бо намояндагони ташкилоту идораҳои давлатие баргузор месозад, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат машғул мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадафи мулоқот аз масъалаҳои марбут ба тартиб, шартҳо ва ҷараёни қабули мамлакат ба созмони мазкур огоҳ намудани кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ мебошад. Инчунин ба журналистон дар бораи ҳадафу вазифаҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолияти созмон маълумот дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2001 барои қабули ҷумҳурӣ ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат ариза дода буд. Созмони ҷаҳонии тиҷорат айни ҳол 153 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳонро муттаҳид месозад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






