ДАР ПОЙТАХТ БОЗОРИ ЗАМОНАВӢ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик дар минтақаи кӯчаи Сурхоби пойтахт дар масоҳати 3, 7 га қитъаи замин бозори ҳозиразамони сеошёна бунёд карда мешавад. Ин масъала дар ҷараёни ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ шуд. Бозори нав дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки тибқи он бозори «Баракат» кӯчонида мешавад, инчунин бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ сохта хоҳад шуд. Бозори нав дорои тамоми инфраструктураи муосир хоҳад буд. Дар робита Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни кушод эълон менамояд. Раиси шаҳр ба муовини соҳавии худ Абдуҳомид Шералиев ва масъулини бозорҳои шаҳр дастур дод, ки дар мӯҳлати ду ҳафта барои соҳибкорони дар бозори «Баракат» фаъолиятдошта, дар дигар бозорҳои шаҳр ҷой ҷудо намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






