МАҶЛИСИ МУШТАРАК ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Май 24, 2010 11:21

Душанбе,  24 май. (АМИТ «Ховар»). —  Тибқи  паймони  бадастомада  чанде  пеш  дар  Душанбе таҳти раёсати  муовини раиси Палатаи  ҳисоби  Федератсияи  Русия  Александр  Семиколенних ва  директори  Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва  мубориза ба  муқобили  коррупсия Ҷумҳурии  Тоҷикистон Фаттоҳ  Саидов  маҷлиси  муштараки  ҳар  ду  ташкилот баргузор  гардид. Дар  он   натиҷаҳои тафтиши  қонуният  ва   самаранокии истифодаи  қитъаҳои  замин,  моликияти  манқул  ва  ғайриманқули ба  ихтиёри Пойгоҳи низомии Русия  гузошташуда, шартҳои  буду  боши  хизматчиёни  ҳарбии  Русия дар  қаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва риояи  ҳуҷҷатҳои  имзонамудаи  Ҳукуматҳои  Русия  ва  Тоҷикистон  муҳокима  карда шуданд. А.Семиколенних дар оғози  маҷлис  зикр  кард, ки дар  давоми  11  соли   баъди  имзои  созишнома  дар   бораи  мақом  ва  шароити   буду  боши  Пойгоҳи  низомии  Русия  дар  қаламрави  Тоҷикистон  гузашта,  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ  ва   низомии  ҳар  ду  давлат  дар  бораи таъмини  пойгоҳи  низомии  Русия  бо  захираҳои  зарурӣ  корҳои  зиёдеро ба  сомон расониданд. Ин  ба   хизматчиёни  ҳарбии  Русия имкон  дод, ки  вазифаҳои  ба зимма  гирифтаашонро  ба  манфиати Тоҷикистон  ва Русия  самарабахш  иҷро  намоянд. Намояндагони Палатаи  ҳисоби   Федератсияи  Русия  ва  Агентии  назорати  давлатии   молиявии  Тоҷикистон дар  бораи   натиҷаҳои тафтиши  қонуният  ва  самаранокии  истифодаи  қитъаҳои  замин  ва  моликияти  манқулу  ғайриманқули  ба ихтиёри  Пойгоҳи  низомии  Русия гузошташуда ҳисобот  доданд.   Қарор  дода шуд, ки  дар   бораи  натиҷаҳои тафтиш ба ҳукуматҳои  ҳар  ду  мамлакат  маълумот  пешниҳод  карда шавад.

Май 24, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад