МАҶЛИСИ ШӮРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ ИДМ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 27 май дар шаҳри Угличи вилояти Ярослави Федератсияи Русия маҷлиси навбатии 37 – уми Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кушода шуд. Маҷлиси мазкур то 30 май давом мекунад. Дар он вазирони энергетикаи мамлакатҳои ИДМ, роҳбарони корхонаю ширкатҳои калонтарини энергетикии мамлакатҳои иттиҳод ва ташкилотҳои энергетикии Русия иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар маҷлис раиси ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва муовинони сармуҳандиси ширкати мазкур Рашид Гулов ва Рустам Раҳимов ширкат меварзанд. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои ҳамкориро бо созмонҳои энергетикии байналмилалӣ, ҳамоҳанг сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ, таъминоти метрологии беҳтар сохтани сифати қувваи барқ, масъалаҳои хариду фурӯши қувваи барқ, истифода бурдани манбаъҳои дигари қувваи барқ ва ғайраро муҳокима мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати Шӯрои электроэнергетикии ИДМ роҳбарони аввалини мақомоти идораи соҳаи энергетикаи Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина дохиланд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






