МАДАД БА НИЁЗМАНДОН

Май 28, 2010 09:40

Хоруғ,  28 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  Маъмурияти  ширкати  барқии «Помир энерҷи» сарпарастии  бародарони  хурдсоли   дугоник  Ҳасану  Ҳусейнро  ба  зиммаи  худ  гирифтааст, ки  чанд  сол  пеш  дар  айёми  тифлӣ  бо  ҳукми тақдир  аз  падару  модар  маҳрум  гардида буданд. Ҳасану  Ҳусейн  айни  ҳол  дар  тарбияи  модаркалонашон  қарор  доранд. Маъмурияти ширкат  чор  сол  боз  ба онҳо  мунтазам   кӯмак  мерасонад. Намояндагони   ширкат  зимни  боздид  аз  аҳволи  кӯдакон  ба онҳо  маводи  ғизоӣ,  либос,  бозичаҳои   гуногун   ва  асбобҳои  заруртарини  рӯзгор тӯҳфа  мекунанд.  Модаркалони  бачагон барои  ин   аз маъмурияти  ширкат   миннатдор  аст.   Намояндагони  ширкат   чанд  рӯз  пеш   аз  аҳволи  Ҳасану  Ҳусейн  хабар  гирифта,  ба  онҳо  орду  биринҷ,  равған  ва  либосҳои тобистона тӯҳфа  карданд.

Май 28, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд