МАШВАРАТИ КОРШИНОСОНИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН

Май 28, 2010 10:30

Душанбе,  28 май. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  27  май  дар  шаҳри  Одесса машварати ғайринавбатии  коршиносони  муассисаҳои  роҳи оҳани   иштирокдори  созишномаи  тартибу таҳияи  сиёсати  таарруфаҳо  барои  соли  2011  ба охир расид. Дар  машварат  намояндагони  муассисаҳои  роҳи оҳани  Украина, Русия, Озарбойҷон,  Белорусия,  Арманистон,  Гурҷистон, Эстония, Қазоқистон,  Қирғизистон, Молдавия, Латвия, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  ширкат  варзиданд. Аз  Тоҷикистон   дар  машварати  мазкур  сардори  шӯъбаи  бозоромӯзӣ,  таҳлил   ва  тартибу таҳияи  таарруфаҳои Муассисаи  роҳи оҳан  Сусанна  Хачатурова ва  сардори  корхонаи   воҳиди давлатии  «Желдорэкспедитция» Дилоро  Раҷабова  иштирок  доштанд. Дар  машварат  масъалаҳои гуногуни   ҳамкорӣ дар  соҳаи  нақлиёти роҳи оҳан,  тартиби  ҳисобу  китоби  таарруфаҳо  барои  ҳамлу  нақли  молу  мусофирон  ва  ғайра  мавриди баррасӣ  қарор  дода шуданд.

Май 28, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ