МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 27 – 28 май дар шаҳри Алмаато маҷлиси 12 – уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтишоти андози давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони 11 мамлакати ИДМ ва Балтика ширкат варзиданд. Маҷлис таҳти раёсати муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Евгений Школов баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис қарор доданд, ки барои афзунтар гардондани самараи ҳамкорӣ ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткор, аз ҷумла дар минтақаҳои наздисарҳадӣ гурӯҳҳои муштараки зудамали тафтишотӣ ташкил намоянд. Инчунин ҳамкории муассисаҳои тафтишоти андози мамлакатҳои иттиҳод барои кам кардани саҳми иқтисодиёти ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани мубориза ба муқобили қонунӣ гардонидани маблағҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастовардашуда, вазъияти имрӯзаи мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ дар давлатҳои иттиҳод, амалӣ сохтани талаботи қатъномаи СММ ба муқобили ришвахӯрӣ, терроризми молиявӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар маҷлис зарурати дастраси ҳамдигар гардонидани маълумот дар соҳаи мубориза ба муқобили таъминоти молиявии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар қаламрави ИДМ таъкид карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






