МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ
Бобоҷон Ғафуров, 28 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 27 май дар бинои мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 164 сокини маҳаллиро қабул карда, аз мушкилоти зиндагии онҳо воқиф гардид. Дар мулоқот роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ ширкат варзиданд. Муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои беҳтар сохтани таъминоти қувваи барқ, об, ҷудо кардани қитъаҳои замин, сохтмону таъмири муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, беҳтар сохтани сифати роҳҳои мошингард, расонидани кӯмаки моддӣ ба ниёзмандон ва ғайра марбут буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қариб 40 фоизи проблемаҳои бамиёнгузоштаи корафтодагон дар ҷараёни мулоқот ҳал карда шуд. Аз ҷумла, бо супориши раиси вилоят ба 16 нафар кӯмаки моддӣ расонида мешавад. 9 нафари дигар саломатии худро дар муассисаҳои тиббӣ бепул барқарор мекунанд, ба роҳбарони муассисаҳои энергетикӣ супориш дода шуд, ки дар баъзе деҳаҳои ҷамоатҳои Ёва ва Унҷи трансформаторҳои иловагии барқӣ насб кунанд. Қ.Расулзода хабар дод, ки барои истифодаи оби канали Хоҷабоқирғон дар фасли зимистон аз захираҳои маҳаллӣ ва сармояи созмонҳои байналхалқӣ истифода бурда мешавад. Дар ноҳия бо кӯмаки раиси вилоят дар давоми як соли охир 13 мактаб аз вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ бароварда шуд. Тибқи барномаи махсус ояндаи наздик дар мактабҳои вилоят толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд. Қайд карда шуд, ки айни ҳол аз 860 мактаби вилоят 503 мактаб толори варзишӣ надорад. Зимни мулоқот пешниҳод шуд, ки барои сохтмони боғчаҳои бачагона на танҳо аз буҷети вилояту ноҳия, балки аз маблағи соҳибкорону тоҷирон истифода бурда шавад. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ буда, бештар аз 300 ҳазор нуфус дорад. Нақшаи қисмати даромади буҷети ноҳия дар давоми чор моҳи аввали соли равон ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ зиёд иҷро карда шуд. Қ.Расулзода зикр кард, ки дар давоми 18 соли охир дар ноҳия барои сохтмони манзил қитъаҳои замин ҷудо карда нашудааст. Қайд карда шуд, ки ҳукумати мамлакат бояд рӯзҳои наздик барои ҷудо кардани 1500 гектар аз ҳисоби чарогоҳҳо ва заминҳои лалмӣ бо мақсади ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил ҳуҷҷатҳои заруриро имзо кунад. Бояд гуфт, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҳол на театр дораду на Қасри фарҳанг ва на Маркази ҷавонон, Қ.Расулзода ба шахсони масъул супориш дод, ки то охири сол нақшаи сохтмони маркази фарҳангии ноҳияро таҳия намуда, пешниҳод кунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






