ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР – 2010»

Май 4, 2010 10:56

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Дар  асоси  амри Ҳукумати  ҷумҳурӣ  аз  1  май то  30  ноябри  соли  равон  дар  саросари  мамлакат  амалиёти  «Кӯкнор»  гузаронида  мешавад. Дар он  кормандони  вазоратҳои  корҳои дохилӣ,  адлия,  тандурустӣ,  фарҳанг,  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллӣ,  Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зист,  кумитаи  телевизион  ва радио, Агентии назорати маводи  нашъадори  назди  Президенти  ҷумҳурӣ,  Хадамоти  гумрук,  намояндагони  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ҳамаи  вилоятҳо,  шаҳри  Душанбе  ва  ноҳияҳои тобеи  марказ  ширкат  меварзанд. Барои гузаронидани  амалиёт  ситоди  махсуси  ҷумҳуриявӣ  ташкил  карда  шудааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  ҳамаи  минтақаҳои  ҷумҳурӣ  бо  мақсади  ошкор  ва  нобуд  сохтани киштзори ғайриқонунии  зироатҳои  худрӯи  нашъадор,  инчунин  бастани  роҳҳои  ҳамлу  нақли  ғайриқонунии  маводи  нашъадор  гурӯҳхои  зудамали  муштарак таъсис  ёфтаанд. Вобаста ба   амалиёти «Кӯкнор – 2010»  назорати  гузаргоҳҳои  сарҳадӣ ва ҳамаи  навъҳои нақлиёт пурзӯр  карда  мешавад.

Май 4, 2010 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад