САҲМИ ЗАНОН ДАР ПЕШРАФТИ ЗИНДАГӢ
Шаҳраки Сомониён, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев). — Дар ноҳияи Рўдакӣ занону духтарон дар тамоми соҳҳаҳои зиндагӣ ширкати фаъолона доранд. Барномаҳое, ки дар ин самт қабул карда шудааст, роҳнамои асосии бахши кор бо занҳост. Масалан, «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар ноҳияи Рўдакӣ барои солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони ноҳияи Рўдакӣ барои солҳои 2007-2016» бомуваффақият амалӣ гардида истодааст. Тавре, ки мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ Роҳила Алибекова ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ дод, алҳол зиёда аз 330 нафар занон дар корҳои роҳбарӣ ва зиёда аз 3 ҳазор нафар занону духтарон дар соҳҳаҳои тандурустӣ ва маориф фаъолияти пурсамар доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






