САФИРОНИ НАВИ АРМАНИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Май 12, 2010 11:34

12 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Арманистон дар Тоҷикистон Владимир Бадалян ва Сафири нави Туркманистон Нокергули Атагулиев эътимоднома қабул намуд. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нави Арманистон, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт, масоили ҳамкории ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд. “Мо ба сатҳи робитаҳо бо Арманистони дўст баҳои баланд медиҳем, заминаи хуби ҳуқуқию қарордодӣ барои густариши ҳамкорӣ гузошта шудааст ва мо бовар дорем, ки бо кўшишҳои дуҷониба аз имкону захираҳои мавҷуда самараи дилхоҳ мебардорем”, — изҳор дошт зимни сўҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илмию техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд. Дар мулоқот бо Сафири нави Туркманистон роҳу василаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд. Таҳкими бештари заминаи қарордодию – ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як қатор санадҳои нави омодагашта ва вусъат додани фаъолияти комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ зарур шумурда шуд. Барқарор намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳани миёни  Тоҷикистону Туркманистон низ дорои аҳамияти калон маънидод шуд. Муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 12, 2010 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад