ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ МАРЗБОНОН
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Имрӯз иди касбии марзбонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар Омӯзишгоҳи ҳарбии марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Аҳтамшо Саидшарифов, муовини аввали сарфармондеҳи Артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон – сардори ситоди кулли Сарраёсати артиши марзбон Шароф Файзуллоев, намояндаи гурӯҳи зудамали артиши марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия дар Тоҷикистон Сергей Ригин, инчунин ветеранҳо, афсарон ва шогирдони омӯзишгоҳи ҳарбии марзбони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҷамъомад бо маросими тантанавии баровардани парчами ҷангии артиши марзбони Тоҷикистон ва Оҳанги миллии мамлакат оғоз ёфт. Ҳозиронро муовини аввали сарфармондеҳи артиши марзбони ҷумҳурӣ Ш.Файзуллоев табрик намуда, зикр кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи артиши марзбон муҳофизати боэътимоди сарҳади давлатӣ, таъмини амният дар минтақаи сарҳад ва меҳнати бунёдкоронаи мардуми мамлакат мебошад. Қайд карда шуд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти самарабахши артиши марзбон тамоми тадбирҳоро меандешанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар мактабҳои олии марзбони Федератсияи Русия ва Қазоқистон таҳсил мекунанд. Дар ҷамъомад табрикномаҳо ва барқияҳои аз воҳидҳои марзбони мамлакатҳои ИДМ расида, қироат карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки роҳбарияти артиши марзбон хизмати аскарону афсарони беҳтаринро бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва медалҳо қадр намуд. Дар фарҷоми ҷамъомад консерти калони идона баргузор гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






