ЗИЁДА АЗ 1 МЛН. $ АЗ ЯПОНИЯ БАРОИ ДОНИШҶЎЁН ВА ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ҶТ

Май 17, 2010 11:46

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрўз, 17 майи соли 2010 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба донишомўзии донишҷўёни тоҷик дар Ҷопон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд. «Ҳуҷҷатро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Сарпарасти Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихира Накаяма ба имзо расониданд», гуфт манбаъ. «Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, ҷониби Япония барои донишҷўён ва хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани малакаву ихтисос дар Япония дар давоми солҳои 2010-2013 119 миллион йен, ки тақрибан ба 1 285 000 доллари ШМА баробар аст, ҷудо хоҳад намуд», қайд карданд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.

Май 17, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст