800 ҚИТЪАИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ҶУДО КАРДА ШУД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб дар 221 гектар замин 800 қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин барои 562 оила хона сохташуда, бо тамоми ашёи рӯзгор тӯҳфа карда мешавад. Бино ба гуфти раиси шаҳри Кӯлоб, барои зарардидагони дигари ноҳияҳои ин минтақа низ барои сохтмони манзил замин ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мӯъминобод барои 50 хонавода 5 га, дар ноҳияи Темурмалик барои барои 100 хонавода – 11 га, дар ноҳияи Восеъ барои 300 хоҷагӣ -41 га, дар ноҳияи Шӯрообод барои 400 оила-68 га ва дар ноҳияи Балҷувон барои 20 хонавода 2 га замин ҷудо карда шудааст. Дар баробари ҳамаи ин, ба зарардидагони ноҳияҳои зикршуда як қисм хонаҳо бепул сохта тӯҳфа кардамешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






