ЧОРАБИНИҲОИ АГРОТЕХНИКИИ ПАХТА СУСТ ҶАРАЁН ДОРАНД

Июнь 24, 2010 08:48

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ тибқи дурнамои вазорат, мебоист дар масоҳати 183 ҳазору 465 га кишти пахта гузаронида мешуд, аммо бо баъзе сабабҳои обективию субективӣ ҳамагӣ дар масоҳати 164 ҳазору 503 гектар  чигити пахта кишт гардид. Боиси тазаккур аст, ки то 21-уми  июн на ҳамаи чорабиниҳои агротехникии  ба кишту парвариши пахта зарурӣ анҷом дода шудааст. Бино бамаълумоти ҳамин манбаъ, то  21-уми июн  дар майдони 161 ҳазору 353 гектар ягонакунӣ, дар 143 ҳазору 91 га озуқадиҳӣ ва дар 41 ҳазору 282 га оби сабзиш дода шудааст. Ин тарз анҷом додани чорабиниҳои агротехникӣ боиси иҷро нашудани нақшаи истеҳсоли пахта  дар соли ҷорӣ хоҳад шуд,- иброз доштанд дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Июнь 24, 2010 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад