ДУШАНБЕ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Июнь 16, 2010 09:47

Душанбе, 16 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба ифтихорӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, тасдиқ гардид. Тибқи он рӯзи 27 июн  дар боғҳои фарҳангу фароғатии  ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва Майдони «800 –солагии Маскав» сайругашти идонаи оммавӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва кишоварзӣ ташкил карда мешавад. Ба муносибати дар сатҳи  баланд истиқбол гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб, зиёиён, фаъолони Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат мулоқоту вохӯриҳо гузаронида мешавад. Инчунин, зери унвони «Саодати миллат дар ваҳдат аст» дар китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва китобхонаи муосири пойтахт намоиши китобҳо ташкил карда мешавад. Шоми 27 июн дар Амфитеатри пойтахт консерти идона бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Навои Ваҳдат» барпо мегардад. Бояд тазаккур дод, ки соли равон 13-умин солгарди таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ таҷлил карда мешавад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон 27 июн соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидааст. Аз ҳамон сол инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июн Рӯзи ваҳдати миллӣ, ҳамчун ҷашни ваҳдату сарҷамъӣ ва ҳамрайъӣ таҷлил мегардад.  

Июнь 16, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад