ИФТИТОҲИ БИНОИ ҶАШНИИ АМОНАТБОНК ДАР НОХИЯИ РОШТҚАЛЪА
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар маркази ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бинои нави Шӯъбаи №78-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумхурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушода шуд. Маросими кушодашави дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Вахдат миллӣ ва ташрифи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба навоҳии ВМКБ сурат гирифт. Президенти ҷумҳурӣ ба кормандон ва мутахассисони бонки мазкур, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти бонки дастуру супоришҳо дод. Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Кенҷаевна ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Бинои бонк аз даҳ ҳуҷраи корӣ, толори амалиётӣ ва дигар утоқҳои хизматрасон иборат буда, бо технологияи нави муосир муҷчаҳаз гардонида шудааст. Сохтмон ва муҷҷаҳазонидани бино аз ҳисоби маблағҳои худи бонк амалӣ шуда, 1 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар Шуъба 21 нафар кормандон ва мутахассисон фаъолият намуда, тамоми деҳоти ноҳияи мазкурро бо хизматрасониҳои бонкӣ аз қабили пардохти нафақа, қабули маблағҳои коммуналӣ, қабули пасандозҳои ахолӣ, пешниҳоди қарзҳо, хизматрасонии буҷа ва ғайрахо, фаро мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






