ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
8 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт», ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ба кори худ шурўъ кард, иштирок ва суханронӣ намуд. Қабл аз оғози конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ аз намоишгоҳи аксу мусаввараҳои ҳокӣ аз сарватҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои фаровони обии кишвар дидан карданд. Хотиррасон бояд намуд, ки баҳри иштирок дар ин конфронси ҷаҳонӣ намояндагони воломақом аз 70 кишвари ҷаҳон, зиёда аз 65 созмони байналмилалию минтақавӣ ва даҳҳо олимону коршиносони варзидаи соҳа ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз аксҳои пиряхҳои азими Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко, ки бузургтарин дар рўйи замин аст, зикр намуд, ки «дар кишвари мо беш аз 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд ва 60% тамоми оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегирад». Бо ишора ба захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз ҷумла кўли Сарез, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон қодир аст ва омода аст, ки натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки минтақаи аз он хеле фарохтарро бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамеша таъмин намояд» ва таъкид дошт: «мардуми кишварҳои минтақа бояд муътамад бошанд, ки Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, Осиёи Марказӣ аз об танқисӣ кашад». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дод, ки «дар Тоҷикистон барои ҳифзи покии табиат ҳар сол беш аз 15 ҳазор ниҳол шинонда мешавад. ғайр аз ин, дар зарфи 4 соли оянда бояд дар майдони 50 ҳазор гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд ёбанд». Зимни шиносоӣ бо мусаввараҳои кўдакон, ки истифодаи аз ҷиҳати экологӣ бехатару безарар, ё худ истифодаи босамар ва сариштакоронаи обро таҷассум менамоянд, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии мусаввараҳоро барои оянда дар мактабҳои олии ин cоҳа таҳсил кардан омода ва пешбарӣ намоянд. Иштирокдорони конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии барономаи 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, аз меваю сабзавоти тару тоза, асал ва анвои гуногуни хушкмеваҳои хушлаззати Тоҷикистон нўши ҷон карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






