КӮДАКОНУ НАВРАСОН ИСТИРОҲАТ МЕКУНАНД?
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои кормандони масъули Вазорати маориф, соли ҷорӣ беш аз 500 ҳазор кӯдакону наврасон бояд дар истироҳатгоҳои тобистона дам гиранд ва саломатии худро барқарор намоянд. Бо ин ақсад 690 лагерхои меҳнатии наздимактабӣ, 150 лагерҳои беруназшаҳрӣ ва даҳҳо лагерҳои тандурустӣ фаъолият мекунанд. Ин рақамҳо касро водор месозад, ки ба ташкилкунандагони истироҳати тобистонаи бачагон аҳсант хонад. Аммо дуруст аст, ки дар ҳақиқат беш аз 500 ҳазор мактаббачагон дар фасли тобистон истироҳат мекунанд? Барои аниқ сохтани ин рақам ду мактаби миёнаи таълимоти умумӣ (52 — 20)-ро дар шаҳри Душанбе, ки наздик ба 3 ҳазор хонанда доранд, мавриди санҷиш қарор дода шуданд ва маълум гардид, ки аз ҳарду мактаб ҳамагӣ 35 нафар хонанда ба лагерҳои тобистона фаро гирифта шудаанд, ки инҳо ҳам фарзандони одамони доро мебошанд. Аз ҷумлаи 350 нафар муаллимони ин ду мактаб ягон нафар барои барқарор сохтани саломатиаш бо сабаби баланд будани нархи истироҳатгоҳҳо, ки барои 12 рӯз аз 750 то 1450 сомонӣ муқаррар гардидааст, ба курорту санаторияҳо нарафтаанд. Пас саволи матраҳ ин аст, ки дар сурати истироҳат накардани хонандагону муаллимон аз онҳо дониш талаб кардан дуруст аст?








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






