МУЛОҚОТИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР МИНСК
Минск, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия – шаҳри Минск таҳти унвони «Ҳамкорӣ барои оянда» мулоқоти панҷуми байналмилалии журналистон кушода шуд. Дар он аз 18 мамлакат, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Туркманистон, Молдавия, Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Литва, Латвия, Эстония, Олмон, Сурия ва Британияи Кабир қариб 500 журналист иштирок дорад. Аз Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур сармуҳаррири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» Гулнора Амиршоева ва гурӯҳи эҷодии наворбардорони Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон иштирок мекунанд. Иштирокчиёни мулоқот бо устодони соҳаи журналистикаи Белорусия ва Русия, аз ҷумла раиси Академияи байналмилалии телевизион ва радио Анатолий Лисенко, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Новие известия» Валерий Яков, котиби Иттифоқи журналистони Русия Владимир Касютин, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Таймес» Энтони Халпин, муовини сармуҳаррири шабакаи телевизионии «Рашия тудей» Алексей Николов ва дигарон мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Ин мулоқотҳо дар Донишкадаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Белорусия гузаронида мешаванд. Ташкилкунандагони мулоқот Вазорати иттилооти Белорусия, Иттифоқи журналистони Белорусия, Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои журналистони ИДМ, Академияи байналхалқии телевизион ва радио, Кумитаи доимии давлати иттифоқии Русия ва Белорусия, Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ, Вазорати корҳои хориҷии Белорусия ва Вазорати фарҳанги Белорусия мебошанд. Мулоқоти журналистон 11 июн анҷом меёбад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






