«РӮЗИ МОҲИХӮРӢ» БОЯД ЭҲЁ ШАВАД
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»- и Вазорати кишоварзӣ Аҳмадҷон Ғафуров, Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби истеҳсоли моҳиро дорад, зеро 60 фоизи захираҳои обҳои Осиёи Марказиро оби дарёю кӯлҳои дар Тоҷикистон буда ташкил медиҳанд. Ба гуфти А. Ғафуров, агар ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода гарданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти истеҳсоли 80 ҳазор тонна моҳӣ мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки аҳолии Тоҷикистон дар як сол ҳамагӣ ба 14 ҳазор тонна моҳӣ ниёз дорад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта дар як сол 3,5 тонна моҳӣ истеҳсол мегардид ва қариб 5 ҳазор тонна моҳӣ аз Русия ворид мегардид. Соли 2009 дар ҷумҳурӣ 504 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудаст. Соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ ба 700 тонна расонида мешавад. Дар замони шӯравӣ рузи панҷшанбе «Рӯзи моҳихӯрӣ» эълон шуда буд ва дар ошхонаҳо тамоми хӯрокҳо бо истифода аз гӯшти моҳӣ тайёр карда мешуданд. Акнун вақти он расидааст, ки мо ин рӯзро аз нав эҳё намуда, сокинони ҷумҳуриро бо гӯшти моҳӣ таъмин намоем,- мегӯяд А. Ғафуров.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






